Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов мегӯяд, асноди нави СПАД-ро имзо нахоҳад кард


Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, мегӯяд, мутмаин аст, ки вазъ дар ҷануби Қирғизистон ба шарофати бастани марзи Узбакистон бо ин минтақа ба эътидол оварда шуд. Кароимов дар нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав гуфт, ҳоло вазифаи ин созмон аст, ки таҳаввулоти моҳи июн дар Қирғизистонро баррасӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз такрори ҳаводиси ҳамсонро пайрезӣ кунад. Ҳамзамон Каримов гуфт, ҳайати Узбакистон ба зери бархе аз асноди нави Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ин ҳамоиш имзо нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG