Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳоми ҳомиёни ҳуқуқ аз абрӯвони пайвасти занони тоҷик


Феминистҳо ё ҳомиёни амрикоии ҳуқуқи занон декабрро моҳи начидани абрӯвон эълон карданд ва мехоҳанд абрӯвони пайваст сабзонанд. Намояндаи созмони "Феминистинг", Лорӣ Аделман гуфтааст, ин ташаббусро баъд аз ошноӣ бо ҳаёти занони тоҷик, барои ҷалби ҳукуматҳо ба дифоъ аз ҳаққи занон роҳандозӣ кард. Вай афзуд, абрӯвони пайваст барои зани тоҷик ҳусн шумурда мешавад ва наққоши машҳури мексикоӣ Фрида Кало низ абрӯвони пайваст дошт. Моҳи "Декабрӯ" дар посух ба моҳи Моябр зуҳур кард, ки моҳи риш нагирифтану мӯйлабгузории мардон барои ҷамъоварии кӯмак дар мубориза бо саратони простат аст.
XS
SM
MD
LG