Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наҷоти минрӯбҳои рабудашуда дар Афғонистон


Полиси Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои давлат ва қувваҳои байнулмилал гурӯҳе аз минрӯбонро дар вилояти ҷанубушарқии Хуст аз асорати толибҳо озод кардаанд. Бино бар хабарҳои 10 нафари онҳо озод шуда, сарнавишти 1 нафари дигар номаълум боқӣ мондааст. Раиси полиси вилоят Абдулҳаким Исҳоқзай одамрабоён фирор карданд ва гаравгонон бидуни ҳеҷ талафоти ҷонӣ озод шуданд. Намояндагии Нерӯҳои байнулмилалмии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
XS
SM
MD
LG