Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Э. Раҳмон ба тақвияти кори созмони Авруосиё


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тақвияти кори шӯрои байнидавлатии созмони ҳамкориҳои Авруосиё даъват кард. Дар нишасти сарони ин ниҳод дар Маскав, пойтахти Русия, Раҳмон гуфт, густариши фаъолияти он ба рафъи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ мусоадат хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш масъалаҳои марбут ба бунёди Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ, иттиҳоди нақлиётӣ, амнияти озуқавӣ ва муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуданд. Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои созмони ҳамкориҳои Авруосиё ҳастанд. Узбакистон узвияти хешро дар они ба ҳоли таълиқ дароварда, Арманистон узви нозир ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG