Пайвандҳои дастрасӣ

PressTV хабари озодии Оштиёниро рад кард


Шабакаи телевизионии ПрессТВ-и Эрон хабарҳои озодии Сакине Муҳаммадии Оштиёнӣ, занеро, ки бо иттиҳоми зино ба сангсор маҳкум шудааст, рад кард. Кумитаи байнулмилалии зидди сангсор, ки дар Олмон мустақар аст, рӯзи панҷшанбе баъд аз пахши як видеои мулоқоти Оштиёнӣ бо писар ва вакили ҳуқуқияш, хабар дод, ки Оштиёнӣ аз ҳабс озод шудааст. Аммо ПрессТВ мегӯяд, ин навор бо иҷозаи мақомоти маҳбас ва ба ҳайси замимаи намодии гузориши телевизионӣ бардошта шудааст. Хонуми Оштиёнӣ, модари 43-солаи ду фарзанд, аз тарафи ду додгоҳ бо иттиҳоми қатли шавҳараш ва зиногарӣ ба сангсор маҳкум шуда, эътирозҳои байнулмилалӣ иҷрои ин ҳукмро ба таъвиқ гузошт ва ахиран мақомот гуфтаанд, мумкин аст, ҳукм на аз тариқи сангсор, балки кашидан ба дор иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG