Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунақидони таҷрибадори адабиёти Тоҷик мегӯянд, ки солҳои охир нақди адабӣ дар кишвар рукуд кардааст ва шеваи танқиди адабиёт, мисли солҳои пешин, таъсири қобили мулоҳизае дар рушди адабиёти тоҷик надорад.

Муҳамадҷон Шакурӣ, мунаққиди собиқадори адабиёти тоҷик мегӯяд, ки адибон ва ё адабиёти солҳои истиқлолият ба нақди адабӣ камтар аҳамият медиҳад ва ин аст, ки солҳои охир ин жанр камранг гардидааст.

"Нақд адабиётро полоиш медиҳад"

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳама давру замон интиқоди адабӣ ба офаридани асарҳои баландмазмун ва арзишманд мусоидат мекунад.

Оқои Шакурӣ мегӯяд :«Имрӯз танқидгарони адабӣ, илмӣ нестанд. Касе чизе хоҳад менависад ва чоп мекунад. Чопи китоб бисёр аммо китобхон ва китобхонӣ нест. Сензура нест, танқид нест. Нақде, ки адабиётро полоиш диҳад нест».

Ҳафтод соли ҳукумати Шӯравӣ ҳарчанд ба пайкараи худи адабиёт таъсир чашмгир гузошт, вале мактабҳои нақди адабӣ ҳамоно побарҷо буданд ва пайваста рушд мекарданд.

Муҳамадҷон Шакӯри бо таассуф мегӯяд, ки имрӯз ҳамон мактаби нақди адабии замони шӯравӣ ҳам завол ёфтааст.Дар ҳоле, ки мактаби нақди адабии шӯравӣ даҳҳо адибон ва асарҳои бадеиро ба майдони адабиёт ворид карда буд.

Оқои Шакурӣ мегӯяд: «Адибоне шинохта ва соҳибасароне, ки дорем, инҳо моли шӯравӣ ҳастанд ва мактаби адабиёти шӯравиро гузаштаанд».


Мӯътабари Раштӣ, муаллифи чандин маҷмӯаи назм ва наср, мегӯяд, истиқлолият ба адабиёти миллии мо мустақилияти фиркрӣ дод. Аммо то ҳанӯз адабиёти тоҷик пайроҳаи хоси адабии худ ва пок шудан аз олоишҳои сиёсиро ба даст наовардааст.

"Адабиёт бе нақд, дарборӣ шудааст"

Хонум Раштӣ меафзояд, ҳоло рӯҳияе, ки адабиёти моро фаро гирифтааст, шеваи дарборӣ дорад ва нақди адабӣ, ки бояд чилави ин шеваро бигирад, хомӯш аст.

Хонум Раштӣ мегӯяд: «Бубинед, ҳар сол даҳҳо китоб чоп мешавад. Ҳар касе, ки шинос ва манбаи молиявӣ дорад, китобаш чоп мешавад. Аммо дар он китоб чӣ аст ва кӣ онро мавриди нақди адабӣ қарор додааст, маълум нест. Ман ҳам худамро аз он ҷумла, аз ҳамон доира медонам ва дар хиҷолат ҳам ҳастам. Аммо бояд нақди адабӣ зинда бошад ва онро ба ангезаҳои сиёсӣ ва маҳаллӣ рабт набояд дод. Он устоди адабиёт аст».

Дар адабиёти муосири тоҷик Худоӣ Шариф, Муҳамадҷон Шакурӣ, Абдураҳмон Абдуманонов, Аскар Ҳаким, Соҳиб Табаров, Абдуннабӣ Сатторзода аз мунаққидони шинохта ва баркамол ба ҳисоб мераванд. Ин мунаққидон дастпарвардаҳои мактаби нақди адабии замони шӯравианд. Дар гузашта нақди адабии Аскар Ҳаким, Муҳамадҷон Шакӯрӣ ва Соҳиб Табаров сару садоҳоеро дар матубот ба бор меовард ва ҳусну кубҳи асарҳои абаиро ба риштаи таҳрир мекашид.

"Соҳиб Табарови дигаре ба майдон меояд?"

Махсусан нақди адабии Соҳиб Табаров ва Муҳамадҷон Шакурӣ аз пурбаҳстарин эъҷодҳо номбар мешуд.. Аммо имрӯз шӯълаи нақди адабӣ, ки гуфта мешавад, модари адабиёт аст, дар тавлиди осори адабӣ хиратар месӯзад ва пешвоёни адабиёти имрӯз дар таҳким бахшидани ин мактаб талошҳои ҷиддиӣ нишон намедиҳанд.

Азизи Азиз, мунақиди тоҷик мегӯяд, ки шояд заъфи нақди адабӣ бошад, ки адабиёти имрӯзи тоҷик мо ба хомӯштарин адабиёт табдил шуда ва ҷомеа низ дар бораи баҳсу баррасиҳои асарҳои нависандагон огоҳӣ надорад.

Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, воқеан вазъи нақди адабӣ, дар ҳоли ҳозир тақрибан дар ҳоли рукуд қарор гирифтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳавзаи адабии муосири тоҷик мунаққидони хуб надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG