Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони Русия, Белорус ва Қазоқистон бо қабули эъломияе дар поёни нишасти мақомоти олии Иттиҳодияи гумрукӣ, умедвор ҳастанд, ки ба зудӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин созмон мепайванданд.

Мулоқоти Дмитрий Медведев, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев, сарони Иттиҳоди гумрукӣ дар чаҳорчӯби баргузории шӯрои байнидавлатии АвроОсиё дар панҷшанбеи 9 декабр дар шаҳри Маскав гирди ҳам омаданд.

Дар эъломияи сарони Иттиҳоди гумрукӣ омадааст, ки «раванди ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё ба таври муассир идома хоҳад ёфт ва касби узвияти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин созмон барои рушду густариши ҳамгироиҳои иқтисодӣ ва иҷтитмоии кишварҳо кӯмак хоҳад кард».

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, сарвазири Русия низ дар ду ҳафтаи пеш ба пайвастани Тоҷикистону Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ изҳори хушбинӣ карда буд.

Аммо мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон зимни он, ки аз ин иқдом истиқбол кардаанд, гуфтаанд, гурӯҳи кории вижаи давлатӣ таъсис шудааст, ки ин пешниҳодро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад .

Ҳарчанд бештари мақомоти Тоҷикистон пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукиро барои тавсеи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар дар фазои АвруОсиё гоми муҳим медонанд.

Аз сӯи дигар Тоҷикистон талоши пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро дорад, аммо ба сабаби муғоират доштани қавонини гумрукӣ ва молиётии ин кишвар ба мавозини ин созмон, то ҳол ба ин амр муваффақ нашудааст.

Коршиносон низ бар ин назаранд, ки то он замоне, ки Тоҷикистон узвияти СТҶ -ро пайдо мекунад, бояд аз имкониятҳои Иттиҳоди гумрукӣ ба хубӣ истифода барад.

Аммо ин коршиносон мегӯянд то ҳол дар фазои гумрукии кишварҳои АвруОсиё маҳдудиятҳое аз сӯи Узбакистон, ба хусус дар заминаи транзити бору коло тавассути роҳи заминӣ ва қатор ба мушоҳида расидааст.

Ба ин далел бархе аз коршиносон бо он, ки пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ хеле муҳим медонанд, аммо мегӯянд, танҳо дар сурати фишори ин созмон, ба хусус Русия, ки дар раъси он қарор дорад, ба Узбакистон, амали шудани тасмимоти ин созмон барои Тоҷикистон муфид ва муассир хоҳад буд.

Тоҷикистон аз соли 2000 ба ин сӯ дар талоши пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ дар фазои АвруОсиё аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG