Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари САҲА дар Душанбе мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Аммо ҳамчунон мушкилоте дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад. Ин матлабро Ивар Вики, раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе, зимни таҷлили Рӯзи ҳуқуқи башар баён кардааст.

Ин нишаст, аз ҷумлаи тадобирест, ки тавассути давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба ифтихори рӯзи ҳуқуқи башар ташкил шудааст ва масъулони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ, ҳуқуқшиносону вакилони мудофеъ ва коршиносон дар кори он ширкат доранд.

Ивар Вики, раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе дар ин нишаст ба пешрафтҳои назаррас ва талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи риояти ҳуқуқи башар таъкид кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Викки, дар соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон муколамаи созандаеро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, дар бахшҳое аз ҳуқуқи башар, назири ҷилавгирӣ аз мавориди қочоқи инсон ва иқдомот барои пешгирӣ аз хушунат дар хонаваода ва зӯроварӣ алайҳи занон иқдомотеро рӯи даст гирфт.

Масъалаҳои нигаронкунанда

Бо ин ҳам раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе вуҷуди мавориди шиканҷа, мушкилот ва маҳдудиятҳо дар роҳи рушди ҷомеаи маданӣ, озодии баён ва ақида, баргузории интихоботҳои шафофу демократиро аз масоили нигаронкунадад дар заминаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон донист.

Вай гуфт, САҲА омодааст, барои мусоидат дар рафъу ҳалли ин мушкилот бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории созанда дошта бошад ва дар соли оянда, барномаҳои ин созмон дар заминаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар рӯи барҳам додани шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо ва ба маротиб коҳиш додани қочоқи инсон хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ мавзӯи ҷилавгирӣ аз вуҷуди мавориди шиканҷа нисбати афроди боздоштшуда, тавассути кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва коҳиш додани қочоқи инсон бештар дар меҳвари ҳамоишҳои сатҳи ҳукумат ва созмонҳои байналмилӣ, аз ҷумла САҲА, афзун бар ин дар нишастҳои сатҳи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ будааст.

Ин аст, ки ба иттилои расмӣ танҳо дар соли ҷорӣ 6 парвандаи марбут ба қочоқи инсон боз шуда ва зимни баррасии яке аз ин парвандаҳо дар додгоҳе дар шаҳри душанбе ду нафар аз муҷримон ба 8 ва 10 солӣ равонаи зиндон шуданд.

Аз сӯи дигар, ҳукукмати Тоҷикистон равнади бозгардондани шаҳрвандони кишварашро, ки аз роҳи фиреб ба кишварҳои арабӣ қочоқ шуда буданд, идома дода ва дар соли сипаришуда 20 нафар аз онҳоро ба ватан баргардонид.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ба иттилои Кумиссиюни байнидавлатӣ дар заминаи хариду фурӯши одамон то соли 2009 беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки тавассути афроди ҷиноятпеша ба кишварҳои арабӣ қочоқ шуда буданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

"Тоҷикистон талош мекунад ба ӯҳдадориҳои худ амал кунад"

Дар замин ҳол Музаффар Ашӯров, сардори бахши кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсо дар раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин кишвар омодааст ва талош хоҳад кард, то минбаъд ӯҳдадориҳояшро дар заминаи ҳуқуқи башар анҷом диҳад.

Аммо ба таъкиди ин масъули давлати Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башарро танҳо бо роҳи боло бурдани сатҳи огаҳӣ ва маърифатнокии шаҳрвандони метавон беҳбуд бахшид.

Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳлилҳои созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 50 дар сади шаҳрвандони кишвар аз ҳуқуқ озодиҳои худ огаҳӣ надоранд.

Дар ҳамин ҳол, нишасти муштараки ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ба муносибати рӯзи ҳуқуқи башар низ ба мавзӯи «маориф дар арсаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон» ихтисос дорад ва ба таъкиди созмондиҳандагони ин ҳамоиш ҳадаф аз он баррасии мушкилот дар ин соҳа ва аз ин тариқ мусоидат дар густариш додани сатҳи маърифат ва саводи шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқу озодии онҳо аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG