Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Сокина Оштиёнӣ номаълум боқӣ мемонад


Сарнавишти баъдии Сокина Муҳаммадӣ Оштиёнӣ-зани эронӣ, ки барои зино маҳкум ба сангсор шуда буд, номаълум боқӣ мемонад. Кумитаи байналмиллалии зидди сангсор марказаш дар Олмон мегӯяд, аз як "манбаи эронӣ" шунидааст, ки Сокина Оштиёнӣ озод шудааст. Франко Фраттинӣ-вазири умури хориҷаи Италия аз ин хабар истиқбол кард ва гуфт, имрӯз рӯзи бузурге барои ҳуқуқи башар буд. Вазири хориҷаи Италия афзуд, вай талош кардааст ин хабарро дақиқ кунад, вале манобеи расмии Эрон ин хабарро таъйид накардаанд. Баъд аз дархостҳои байналмиллалӣ Эрон ҳукми сангсори Оштиёниро ба ҳолати таълиқ дароварда буд. Вале то ҳол мақомот мегӯянд, ки вай барои қатли шавҳараш мумкин аст эъдом шавад.
XS
SM
MD
LG