Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Обама дар робита бо ҳифзи молиёти камтар


Дар Амрико Барак Обама-раиси ҷумҳур ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуд. Аъзои Ҳизби Демократии вай дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико тавофуқоти Обама бо ҷумҳурихоҳонро дар бораи тамдиди мизони ками андоз ё молиёт рад карданд. Таҳлилгарон мегӯянд, баъид ба назар мерасад, ки ин иқдом нақшаҳои давлатро тағир диҳад, вале он ба Обама мушкили дигари сиёсиро пеш хоҳад овард, зеро ҳизби вай интихоботи миёндавраии як моҳи пешро ба ҷумҳурихоҳон бохта буд.
XS
SM
MD
LG