Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Маскав ҷаласаи раҳбарони ОДКБ доир мешавад


Бино ба хабари ИТАР-ТАСС-и Русия, имрӯз дар Кохи Кремли Маскав мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви созмонҳои мухталифи қаламрави Шӯравии собиқ кори худро идома медиҳад. Ба ин созмонҳо аз ҷумла, ОДКБ ё Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ИДМ, яъне Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил мешаванд. Раҳбарии ин ду созмонро ҳоло Русия бар ӯҳда дорад. Қабл аз зуҳри имрӯз мулоқоти ОДКБ дар назар гирифта шудааст, ки дар он Русияву Арманистон, Белорусу Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон узвият доранд. Дар поёни мулоқот тасвиби Эъломия дар бораи нируҳои посдори сулҳи ОДКБ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG