Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоторҳо муҳоҷирони кории тоҷикро таълим медиҳанд


Бино ба иттилои хабаргузории РЕГНУМ Новости, донишгоҳи технологии Қазони Тотористон омода аст дар Тоҷикистон маркази омӯзиши муҳоҷирони корӣ ташкил диҳад. Муҳоҷирони корие, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, дар ин марказ забони русӣ, фарҳангу таърих ва қонунҳои Русияро меомӯзанд. Махориҷи моддиву техникии ин марказҳоро ҷониби Русия бар ӯҳда гирифтааст. Донишгоҳи Тотористон мехоҳад чунин марказро дар яке аз омӯзишгоҳҳои касбиву техникии Душанбе ташкил кунад. Баъд аз хатми омӯзиш дар ин марказ ба тамомкунандагон сертификати махсус дода мешавад.
XS
SM
MD
LG