Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳёи озмуни "Маликаи Бағдод"


Дар пойтахти Ироқ сабқати “Мисс Бағдод” ё “Маликаи Бағдод” пас аз 30 сол дубора баргузор шуд, ки дар он даҳҳо зебосанами ироқӣ ширкат карданд. Ин сабқат дар даврони ҳукумати Саддом Ҳусейн мамнӯъ эълон шуда буд.

Сабқати “Маликаи Бағдод” дар солҳои 70-уми қарни гузашта ҳарсола дар Ироқ баргузор мешуд ва аз маҳбубияти зиёде дар байни мардум бархӯрдор буд. Вале бо ба қудрат расидани ҳизби “БАЪС” таҳти раҳбарии Саддом Ҳусейн ва ба ҳижа жар солҳои ҷанги Ироқу Эрон баргузории ин сабқат манъ карда шуд.


Бисёре аз сокинони шаҳри Бағдод эҳёи озмуни “Маликаи Бағдод”-ро ҳамчун нишонаи рӯ ба зиндагии орому осуда овардани ҷомеаи Ироқ маънидод мекунанд.
XS
SM
MD
LG