Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон


Дар ҳамоише ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе эълон шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиеро барои густариши ин мубориза ва ҷалби қишрҳои мухталиф ба ин ҷабҳа таъсис хоҳад дод. Қарор аст, раҳбарии ин шӯро бар ӯҳдаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вогузор шавад. Дар ин бора Абдулраҳим Абдулҳасанов, муовини раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон, иттилоъ дод ва афзуд. ин ниҳод дар чаҳор соли мавҷудияташ зиёда аз 3 ҳазор ҷинояти коррупсиониро ифшо кардааст. Дар ҳоле ки мақомоти давлат аз фаъолияти Оҷонси мубориза бо фасод изҳори қаноатмандӣ мекунанд, шореҳон бар инанд, ки ниҳоди мазкур бо пажӯҳишҳои хурд саргарм буда, то ҳол ба ифшои фасод дар сатҳи болоии ҳукумати кишвар муваффақ нагаштааст.
XS
SM
MD
LG