Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, Шӯрои ҷамъиятии мубориза бар зидди фасод дар назди президентро таъсис диҳад. Қарор аст, раҳбарии ин шӯроро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар душ бигирад.

Ин мавзӯъ дар конфронси таҳти унвони «Роҳандозии муборизаи муассир алайҳи фасод» дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд, ки дар он намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат карданд.

Абдулраҳим Абдулҳасанов, муовини раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон, дар ин конфронс гуфт, феълан низомномаи Шӯрои нави ҷамъиятӣ таҳия шудааст ба он олимон, журналистон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳамчунин ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Маркази исломӣ ва вазорату корхонаҳои давлатӣ пазируфта хоҳанд шуд.

Бар пояи низомномаи Шӯро, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аъзои он хоҳанд шуд.

Фаъолияти камранги ниҳоди Оҷонси мубориза бо фасод

Тасмими таъсиси Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо фасод дар ҳолест, ки то кунун дар Тоҷикистон Оҷонси мубориза бо фасод - ниҳоди расмии давлатӣ фаъол аст ва дар тамоми шаҳру вилоят идораҳои худро дорад. Аз сӯи дигар дар чанд моҳи пеш фармони президенти Тоҷикистон дар мавриди ташкили зерсохторҳои давлатии мубориза бо коррупсия дар ҳар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроия содир карда буд.

Бархе аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки таъсиси ин Шӯрои ҷамъиятӣ иддаоҳо дар мавриди муассир набудани ниҳоди давлатии мубориза бо фасодро собит мекунад.

Муовини раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод дар ҳамоиши имрӯза аз натоиҷи як соли кори ин ниҳод гузориш дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат чанд нафар аз мансабдорони сатҳи мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ ва додрасҳо бо ҷурми ришватхорӣ боздошт шудаанд.
Абдулраҳим Абдулҳасанов гуфт: «Аз он ҷумла раиси додгоҳи ноҳияи Вахш бо гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад. Умуман фасод дар сатҳи мақомоти ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҷой дорад. Аммо дар сатҳи вазоратҳо то ҳоло касе ба мо муроҷиат накардааст».

Абдулвоҳид Шамолов, яке аз пажӯҳишгарони масоили фасод дар Тоҷикистон, дар ин нишаст иброз дошт, ки мубориза бо фасод набояд масъулияти танҳо як ниҳод бошад. Ба қавли ӯ, бояд ҷомеаро ба мубориза ба ин падида ҷалб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG