Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» сӯҳбате дорем бо камонвари машҳур Зебуннисо Рустамова пиромуни вазъи имрӯзаи варзиши тоҷик. Баъдан мусоҳибаи мо бо Мирзоалӣ Холов, раиси Федеросиюни бузкашӣ ва аспдавонии Тоҷикистон, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони футболи Урупо ба анҷом расид. Аз 8 гурӯҳ дудастаӣ - ҷамъ 16 даста ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд: «Челси», «Тоттенҳем», «Манчестер Юнайтед» ва «Арсенал» - ҳарчор аз Инглистон, «Барселона», «Реал» ва «Валенсия» - ҳарсе аз Испания, «Рома», «Интер» ва «Милан» - ҳарсе аз Италия, «Бавария» ва «Шалке» - ҳарду аз Олмон, «Лион» ва «Марсел»- ҳарду аз Фаронса, «Шахтёр»-и Укроин ва «Копенгаген»-и Дания. Вале ҳарду тими Русия – «Рубин»-и Қазон ва «Спартак»-и Маскав, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои саввумро касб карданд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Аз 23 муддаӣ се нафар - Лионел Месси, Хави ва Андрес Инйеста муборизаро барои дарёфти «Тӯби тиллоӣ-2010» идома медиҳанд. Ҳарсе бозигарони тими «Барселона»-и Испания мебошанд. Барандаи «Тӯби тиллоӣ», ки ФИФА – Федеросиюни байналмилалии футбол ва маҷаллаи фаронсавии «France Football» эълон кардаанд, бар асоси назархоҳии капитанҳо ва сармураббиёни тимҳои миллӣ, инчунин, намояндагони расонаҳои хабарӣ муайян хоҳад шуд.
Беҳтарин футболбози сол дар маросими ботантанаи супурдани «Тӯби тиллоӣ», ки 10-уми январи соли оянда дар шаҳри Сюрихи Швейтсария барпо мегардад, эълон хоҳад шуд.
ФИФА, инчунин, номҳои муддаиёнро барои гирифтани унвони беҳтарин мураббии соли 2010-ум эълон кард. Ба рӯйхати номзадҳо се нафар дохиланд: Жозе Моуринйо, ки ҳамроҳи «Интер» ғолиби Лигаи қаҳрамонони Урупо гардидааст, Висенте Дел Боске, сармураббии тими миллии Испания -қаҳрамони ҷаҳон, ва Хосеп Гвардиола, сармураббии тими «Барселона».

Ахиран дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷавоизи Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони собиқи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, баргузор шуд. Пас анҷоми ин мусобиқа, ки бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид, мо бо Зебуннисо Рустамова ҳамсӯҳбат шудем ва ин мусоҳиба ба шунавандагони барнома пешкаш мешавад.

Тими мунтахаби бузкашии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи Қаҳрамони Меҳнати Сусиёлистӣ Ҳасанбой Аскаров дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Човандозони тоҷик бар дастаҳои Қирғизистон, Чин ва Муғулистон пирӯз шуда, аз тими Қазоқистон мағлуб гаштанд. Баъдан дастаи Тоҷикистон барои касби ҷои саввум бар тими Русия ғалаба кард.

Меҳмони барномаи мо Мирзоалӣ Холов, раиси Федеросиюни бузкашӣ ва аспдавонии Тоҷикистон, дар бораи вазъи ин навъҳои варзиши бостонӣ дар кишвар нақл мекунад.

XS
SM
MD
LG