Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи мубориза бо фасод дар ҳамоиши Душанбе


Бунгоҳи назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар чаҳор соли мавҷудияташ зиёда аз 3 ҳазор ҷинояти коррупсиониро ифшо кард, ки 470 мавриди он ба ришвагирӣ марбут будааст. Ноиби раиси ин ниҳод, Абдулраҳим Абдулҳасанов дар як ҳамоиш ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе ҳамчунин афзуд, фасоду ришват дар ҳамаи риштаҳои ҳаёти ҷомеа мавҷуд буда, кишоварзӣ ва маориф дар ҳоли ҳозир аз фасодзадатарин соҳаҳо ба шумор мераванд. Дар ҳоле ки мақомоти давлат аз фаъолияти Оҷонси мубориза бо фасод изҳори қаноатмандӣ мекунанд, шореҳон бар инанд, ки ниҳоди мазкур бо пажӯҳишҳои хурд саргарм буда, то ҳол ба ифшои фасод дар сатҳи болоии ҳукумати кишвар муваффақ нагаштааст.
XS
SM
MD
LG