Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар гузориши махсуси Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, зикр шудааст, ки дастикам 145 рӯзноманигори кишварҳои мухталиф, якуми декабри соли 2010-умро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ намуданд. Ин гузориш дар қароргоҳи марказии ин созмон дар Ню-Йорк муаррифӣ шуд.

Соли гузашта шумораи рӯзноманигори бандӣ ба 136 нафар баробар буд ва ҷои ёдоварист, ки бори ахир чунин шумораи бузурги рӯзноманигорон маҳбус соли 1996 ба қайд гирифта шуда буд.

Ҷоэл Саймон, раиси Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон дар Ню-Йорк иброз дошт, ки афзоиши шумораи рӯзноманигорон маҳбус даҳшатнок аст. Саймон афзуд, ки умуман рӯзноманигори маҳбус дар 28 кишвари олам ба қайд гирифта шудаанд, ки аз байни онҳо Чин, Эрон, Эритрея, Бурма ё худ Мянмар ва Узбакистон панҷ ҷои аввалро ишғол мекунанд. Ба қавли Саймон, дар аксари ин мамолик мақомот на танҳо бо рӯзноманигорон, балки “бо худи иттилоъ дар набард қарор доранд”.

Навид Муҳибӣ - ҷавонтарин рӯзноманигори маҳбус

Дар гузориши Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон таъкид шудааст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъқиби рӯзноманигорон баъди интихоботи президентии соли 2009-ум оғоз ёфта, то кунун идома дорад. Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки мақомот ҳар садои мухолиф ва танқидкунандаро хомӯш мекунанд.

Аз ҷумла хабарнигори собиқадори давлатӣ Исо Саҳархез, ки баъди солҳои тӯлонии пуштибонӣ аз ҳукумат ба тарафдорӣ аз ислоҳот рӯ овард ва ҳамчунон блогнавис, ҳомии ҳуқуқи занони эронӣ Навид Муҳибӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон таъкид кардааст, ки Муҳибии 18–сола ҷавонтарин рӯзноманигори маҳбуси рӯи олам аст.

"Чину Эрон зиндонуи рӯзноманигорон"

Дар идомаи гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон омадааст, ки шумораи бештарини рӯзноманигорони бандӣ дар Чин аст, ки баъди ошӯбҳои қавмӣ дар Тибету вилояти Уйғур-Шинҷон то ба 24 нафар афзоиш ёфт. Муаллифони гузориш хотирнишон мекунанд, ки дар Чин ҳукумати коммунистӣ ин бандиҳоро ба ҳайси рӯзноманигорон эътироф намекунад.

Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон менависад, одатан дар Эрону Чин барои муҷозоти рӯзноманигорон аз иттиҳомоти вазнини зиддидавлатӣ шабеҳи хиёнат ба ватан, харобкорӣ ва ё амали зидди манфиатҳои миллӣ кор гирифта мешавад.

Ба қавли созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон, дар саросари олам дастикам 72 рӯзноманигор, муҳаррир ва суратгири нашрияҳо бо ҷурми амали зиддидавлатӣ муҷозот шудаанд. Аз ҷумла дар Қазоқистон муҳаррири як рӯзнома Рамазон Есергепов бо ҷурми ифшои асрори давлат зиндонӣ шудааст. Ба қавли муаллифони гузориш, ҷурми ин рӯзноманигори қазоқ ин аст, ки ӯ як санади мақомоти амниятии ин кишварро ба табъ расонд, ки дар он ниҳоди амниятӣ бо ҳадафҳои сиёсӣ ба идораи андоз дастур додааст.

Ҳадафи ҳабсҳо - ҷилавгирии сухани ҳақ

Раиси Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯяд, дар кишварҳои мухталиф барои ҳабси рӯзноманигорон баҳонаҳои гуногун истифода бурда мешаванд, вале ҳадаф аз он доимо як аст, ҷилавгирӣ аз сухане, ки салоҳияти мақомотро зери шубҳаву таҳқиқ қарор медиҳад.

Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон зикр намудааст, ки соли гузашта баъди ҳосил шудани мувофиқат миёни калисои католики романӣ, ҳукумати Испания ва Куба, 17 рӯзноманигор аз зиндонҳои Куба раҳо шуданд, вале то ҷое маълум мешавад, ҳукумати Куба фақат рӯзноманигоронеро озод кардааст, ки ба тарки фаврии ватанашон ризоят додаанд.

Яке аз чор барандаи ҷоизаи имсолаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, хабарнигор аз Куба Ҳектор Маседа Гутиерез мебошад, ки будубош дар зиндонро аз муҳоҷират волотар донистааст. Зимнан се рӯзноманигори дигари зиндонӣ Айнуллоҳ Фатҳуллоев аз Озарбойҷон, Ши Тао аз Чин ва Муҳаммад Доварӣ аз Эрон низ барандаи имсолаи ҷоизаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон эълон шудаанд.

Ислом Каримов ба наздикони худ ҳам раҳм намекунад

Дар рӯйхати сиёсии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, Узбакистон ҷои панҷумро ишғол намудааст. Яке аз рӯзноманигорони маҳбуси узбакистонӣ ҷияни президенти ин кишвар Ҷамшед Каримов мебошад, ки зӯран дар бемористони рӯҳӣ ҷой дода шудааст. Каримов дар мақолаҳояш сиёсатҳои иҷтимоиву иқтисодии Узбакистонро танқид мекард.

Имсол барои аввалин бор дар шаш соли ахир ИМА аз рӯйхати сиёҳи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон берун кашида шудааст. Чанд рӯзноманигоре, ки аз тарафи мақомоти амрикоӣ дар Ироқу Афғонистон боздошт шуда буданд, бидуни кадом иттиҳоме аз зиндони низомии ҷазираи Гуантанамои Куба раҳо гаштанд.

Билохира Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон изҳор намудааст, ки дар ин гузориш қазияи рӯзноманигороне, ки дар давоми соли гузашта боздошт ва раҳо шудаанд, ёдрас нашудааст. Ҳамчунон дар ин гузориш иттилоъ дар бораи рӯзноманигороне, ки беному нишон шудаанд ва ё аз тарафи ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва ё гурӯҳҳои силоҳбаст рабуда шудаанд, ба чашм намехӯрад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG