Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мухолифи бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нест


Сардори раёсати Вазорати корҳои хориҷии Русия Максим Пешков, мегӯяд, марзбонони Русия омодаанд дубора ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба зимма гиранд. Пешков, ки дар гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон низ буд, рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи ҳамоиши "Тоҷикистон ва Русия дар соли 2010" дар шаҳри Душанбе гуфт, бозгашти марзбонони рус ба хости давлати Тоҷикистон бастагӣ хоҳад дошт:

"Ин феълан мавриди музокирот аст. Агар тарафи тоҷикӣ пешниҳод кунад, ки марзбонони мо биёянд инҷо, чаро не? Зеро авзои Афғонистон ҳамчунон беҳдуд наёфтааст ва марзҳоро ба ҳар навъе бояд тақвият бахшид ва амниятро таъмин намуд".

Нерӯҳои марзбонии Русия дар соли 2005 бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон берун шуда, танҳо як гурӯҳи мушовирони марзбонии Русия дар ҳавзаҳои марзӣ боқӣ монданд. Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд.
XS
SM
MD
LG