Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи сулҳи Конфутсий зидди Ҷоизаи сулҳи Нобел


Чин имрӯз ҷоизаеро тақдим мекунад, ки бархе онро ҷоизаи чиноии сулҳи Нобел меноманд. Он бо номи Ҷоизаи сулҳи Конфутсий ба собиқ ноиб-президенти Тайван, Лйен Чан, ки гуфта мешавад, ба беҳбуди робитаҳо бо Чин мусоидат кардааст, тақдим хоҳад шуд. Шореҳон мегӯянд, ин маърака посухи Чин ба Ҷоизаи Нобел аст, ки имсол ба дигарандеши маҳбуси чиноӣ, Лю Сябао дода шудааст. Чин аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, дар расми тақдим дар Осло ширкат накунанд. Дар худи Чин аз сафари 200 нафар, ки мумкин аст, равонаи Осло буданд, пешгирӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG