Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA эҳтимоли фасодро рад ва Лондонро танқид кард


Раиси Федерасиюни байнулмилалии футбол, ФИФА, Сепп Блаттер иттиҳомоти фасод дар ҷараёни макони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ интихоб шудани Русия ва Қатарро рад кард. Ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ФИФА, дар Сюрихи Швейтсария Русия макони баргузории бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2018 ва Қатар дар соли 2022 баргузида шуданд. Дар мусоҳиба бо маҷаллаи швейтсарии "Велтвотч", Блаттер гуфт, ин иттиҳомот аз тарафи намояндагони Англия сар задааст, ки "таҳаммули бохти хешро" надоштаанд.
XS
SM
MD
LG