Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сомиршо Воҳидов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод дар Тотористон медали тилло ба даст овард.

Ба иттилои Абдурозиқ Олимов, мураббии варзидаи тоҷик, Сомиршо дар рақобатҳо дар вазни зери 66 килограмм бар чаҳор рақибаш дастболо шуда, ба финал баромад. Сипас ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гӯштигири Русия Евгений Лапшов ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки Сомиршо Воҳидов моҳи октябри соли равон дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён дар шаҳри Турини Италия соҳиби нишони биринҷӣ гардида буд.

Сомиршо, ки 7-уми июни соли 1987 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст, даҳ сол инҷониб ба гӯштии озод шуғл меварзад. Вай се соли ахир пайваста ба Доғистон ва шаҳрҳои Маскаву Красноярски Русия сафар карда, барои баланд бардоштани маҳорати худ таҳти назорати мутахассисони варзида тамрин мекунад.

«Мақсад дорам, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 ширкат варзам. Барои ин дар бисёр мусобиқоти байналмилаливу интихобии олимпӣ ширкат карда, барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Лондон талош бояд кард. Вале барои иштирок дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва сафарҳо ба хориҷи кишвар ба маблағгузорӣ ниёз дорам», - мегӯяд Сомиршо Воҳидов.
XS
SM
MD
LG