Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии «Истиқлол» дар бозии дуввуми дӯстона дар Кувайт


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони нави Тоҷикистон, дар бозии дуввуми байналмилалии дӯстона дар Кувайт бар тими «Ал-Қудсия»-и шаҳри Ал-Кувайт, қаҳрамони 13-карата ва барандаи Ҷоми миллии ин кишвар, финалисти Ҷоми AFC-2010, бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард.

Дар ин бозӣ Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», ду гол, Маҳмадалӣ Содиқов ва Нуриддин Давронов якголӣ ба самар расонданд.

Бояд гуфт, ки мурабиёни "Ал-Қудсия" дар ин бозии дӯстона ҳайати омехтаро ба майдон бароварданд. Бозигарони асосии ин бошгоҳ, ки дар ҳайати тими миллии Кувайт Ҷоми Халиҷи Форсро ба даст овардаанд, дар ин дидор ширкат надоштанд.

Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» дар бозии аввали дӯстона дар Кувайт аз тими «Ал-Наср»-и шаҳри Ҷлеб-ал-Сиёҳ, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.

Футболбозони тоҷик 9-уми декабр аз Кувайт ба Душанбе бармегарданд.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ин бозиҳо барои қаҳрамони Тоҷикистон як марҳилаи омодагиҳо ба мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 15-ум то 23-юми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад, маҳсуб мешуданд.
XS
SM
MD
LG