Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав ҷаласаи ҷаласаи вазирони ИДМ баргузор мешавад


Имрӯз дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ИДМ ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ доир мешавад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳошияи ин нишаст тасвиби барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли оянда дар назар аст. Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ҷаласаи мазкур асноди зарурӣ барои нишасти раисони ҷамоҳири Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки рӯзи ҷумъаи 10 декабр дар Маскав баргузор хоҳад шуд, омода мешавад.
XS
SM
MD
LG