Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири шаҳри Ереван барои шаллоқ задан истеъфо дод


Гагик Беглариён-мири шаҳри Ереван-пойтахти Арманистон аз мақоми худ истеъфо додааст. Иддао мешавад, ки вай Арам Кандаён-корманди протоколи дафтари раёсати ҷумҳуриро шаллоқ задааст. Кандаён ба мири шаҳр гуфтааст, ки дар ҷараёни консерт хонуми мири шаҳр набояд дар паҳлӯи раиси ҷумҳур менишаст, зеро чунин ҷойҳо маъмулан барои нахуствазир, раиси порламон ё раҳбари рӯҳонии Арманистон нигоҳ дошта мешавад. Вале мири шаҳр рӯзи дигар вайро ба ҷое даъват кард ва шаллоқ зад.
XS
SM
MD
LG