Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон ширкати нави таъмини сӯхт ташкил кард


Дар наздикии Бишкек-пойтахти Қирғизистон ширкати нави давлатӣ ба таври расмӣ ба кор шурӯъ кард, ки тақрибан 50 дарсади ниёзмандиҳои пойгоҳи нируҳои ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Манасро бо маводи сӯхт таъмин мекунад. Дар маросими оғози кори ин ширкат Амонгелдӣ Муралиев-муовини нахуствазири Қирғизистон ва намояндагон аз сафоратхонаҳои Амрикову Русия ширкат доштанд. То ба ҳол як ширкати дигар бо ин кор машғул буд. Вале Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон аз фаъолияти он интиқод кард ва гуфт, ширкати қаблӣ муқаррароти мавҷударо нақз мекард ва яке аз василаҳои сарватандӯзии Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешин буд.
XS
SM
MD
LG