Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс: Пешравии Толибон дар ҷануб маҳдуд шудааст


Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико гуфт, нируҳои дарёии Амрико дар даргириҳои шадид дар ҷануби Афғонистон аз пешравии Толибон ҷилавгирӣ кардаанд. Вай ин суханонро дар ҷараёни боздидаш аз пойгоҳи нируҳои амрикоӣ дар вилояти Ҳилманд изҳор дошт. Нирҳои Амрико тобистони соли 2009 ба ин вилоят омада буданд. Гейтс гуфт:

"Пешрафт, ҳатто дар зарфи чанд моҳ, умедвориҳои манро бароварда сохт. Контроли Толибон дар ин вилоят аз як соли пеш, ки ман дар ин ҷо бо шумо сӯҳбат мекардам, камтар шудааст ва натиҷааш ин аст, ки мардуми афғон беш аз пеш метавонанд бидуни эҳсоси террор ба сар баранд ва ба ҷои он бештар дар бораи зиндагии беҳтари худ ва хонаводаҳояшон фикр кунанд".


Гейтс ин суханонро дар ҳоле ба забон овард, ки қарор аст Кохи Сафед дар бораи натиҷаҳои ирсоли 30 000 нируи изофӣ ба Афғонистон гузориш диҳад. Вуруди ин нируҳоро моҳи ноябри соли гузашта Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико таъйид карда буд. Ҳоло дар Афғонистон тақрибан 100 000 нируи Амрико мустақар аст.
XS
SM
MD
LG