Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши фаластиниҳо аз қатъи талошҳои Амрико


Мақомоти Фаластин изҳори ташвиш кардаанд, ки Амрико натавонистааст, Исроилро ба қатъи сохтмон дар маҳаллоти ишғолӣ водор кунад, то музокироти мустақими сулҳи миёни Исроилу Фаластин аз сар гирифта шавад. Рӯзи сешанбе Амрико эълон кард, ки аз талошҳои худ барои водор кадани Исроил ба қатъи 90 рӯзаи сохтмон дар маҳаллоти Каронаи Ғарбӣ даст мекашад. Акнун давлати Амрико умед дорад, ки бо Исроил ва Фаластин музокироти алоҳида анҷом диҳад, то роҳҳои ҳали масъаларо пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG