Пайвандҳои дастрасӣ

Македония намехоҳад шаҳрвандонаш дар ИА паноҳандагӣ гиранд


Гордана Янкулоска-вазири дохилаи Македония аз шаҳрвандони кишвараш дархост кард, ки дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳое, ки ба қаламрави раводиди Шенген дохил мешаванд, паноҳандагӣ нагиранд. Ин дархости Янкулоска дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран Олмон 38 нафар паноҳандагони Македонияро ба кишварашон пас фиристод. Иттиҳодияи Аврупо гузориш додааст, ки аз Сербистону Македония шумораи паноҳандагон хеле зиёд шудааст ва он метавонад раванди ҷорӣ кардани раводиди озоди Иттиҳодияи Аврупо бо ин кишварҳоро ба хатар мувоҷеҳ кунад.
XS
SM
MD
LG