Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати Бан Ки Мун ба кишварҳои фасодзада


Бан Ки Мун, дабири кулли СММ
Бан Ки Мун, дабири кулли СММ

Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки коррупсия ё фасоди молиро маҳкум намуда, ба қавли худ дар мубориза алайҳи фасод устувор бошанд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, дар арафаи Рӯзи байнулмилалии мубориза бо фасод ба ин нукта таъкид карда гуфтааст, ки фасодзадагӣ эътибори мақомоти давлатро дар назди мардум коҳиш медиҳад ва дар рушди бозору иқтисод ва иҷтимоъ монеа эҷод мекунад.

Тоҷикистон - яке аз 10 кишвари фасодзадатарин


Созмони байнулмилалии Транспаренсӣ Интернешнл ё Созмони байнулмилалии шаффофият бар асоси таҳқиқоте, ки ҳар сол дар гӯшаҳои мухталифи олам доир менамояд, мизони ришвахорӣ дар Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари фасодзадатарини дунё қарор додааст.

Ба гуфтаи профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, азбаски Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ як ҷумҳурии заиф аст ва тавони ба кормандони буҷаӣ додани маоши хубро надорад, дар ин ҷумҳурӣ фасоди молӣ дар масоили иҷтимоӣ густариш пайдо кардааст, ки ба рӯзгори ҳамарӯзаи мардум таъсир мегузорад.

Ҷаноби Умаров афзуд: «Фасоди иҷтимоиро кормандони давлатие тавсеа мебахшанд, ки моҳонаи кофӣ намегиранд ва аз ҳисоби рӯёндани ришва зиндагии худро пеш мебаранд. Ва як миқдори муайяне низ аз ин ришват ба роҳбари худ медиҳад, то ӯро дар ин мақом нигоҳ дорад».

"Бе пора корат буд намешавад"

Сӯҳбат бо сокинони шаҳри Душанбе дар ин мавзӯъ шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишвар фасоду ришватхориро мушкили умдаи ҷомеа медонанд.

  • «Бе додани пора духтур ба ту дору наменависад. Пур кардани шарҳи ҳоли бемор - 5 сомонӣ, дорунависӣ – 1 сомонӣ. Дар мактаб ҳам пора додан лозим. Масалан, бо баҳонаи пул барои пардаи мактаб, плакат ва ғайра. Бояд ба муаллим пул диҳӣ. Бархе аз занҳо муаллимонро ба порагирӣ омӯхта кардаанд».
  • «Дар Тоҷикистон бе додани пора кор буд намешавад, дар идораҳои давлатӣ, налог, мактабу бемористон... Як вақт аз кормадони ГАИ шикоят буд. Давлат гуфт, ки агар ҳама кормандони ГАИ-ро дастгир кунем, кӣ кор мекунад? Ин аст воқеияти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон».
  • «Додари ман аз Русия омад, мошин харид. Пас аз чанд рӯз ӯ гуфт, ки аз ГАИ безор шудааст. Худам шоҳид будам, ГАИ ӯро бидуни нақзи қонуни роҳ боздошт кард. Вале то бародарам пул надод, ҳӯҷҷатҳояшро барнагардонд».

Мардуми порадеҳ - масъулини порахӯр


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия, вуҷуди фасоди молии хислати иҷтимоӣ доштаро рад накард, вале гуфт, ки дар ин амал бештар мардум масъул аст, ки пора медиҳад.

Ҷаноби Саидов афзуд: «Мардуми ҷабрдида бисёр аст, вале метарсанд, ки арз кунанд. Хислати мардуми мо ҳамин аст. Баъзеҳо ҳатто қарздор мешаванду сари кафида таги тоқӣ гуфта, арз намекунанд».

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ин оҷонс ахиран варақаҳои таблиғотӣ чоп карда дар байни мардум паҳн намудааст, ки аз пора додан даст кашанд ва дар сурати маҷбур шудан ба порадиҳӣ ба кормандони оҷонс натарсида муроҷиат кунанд.

Ҷаноби Саидов афзуд: «Ин ҳам қонун аст, ҳам иқдоми раҳбари давлат. Ҳар кас, ки гуноҳ кард, ҷазояшро мегирад. Бубинед, ки дар як соли ахир 7-8 нафарро мо дастгир кардем. Инҳо камбудӣ доштанд, камбудиҳо ҷамъ шуданд ва раҳбари давлат хулоса кард, ки аллакай рафтанашон даркор».

Чӣ бояд кард?

Пас суоле матраҳ аст, ки бо ин тарзи фаъолият метавон бо фасод мубориза бурд?

Амнияти Абдуназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар ин бора чунин изҳори назар кард: «Барои шуруи муборизаи воқеӣ бо фасод Тоҷикистонро зарур аст, як ислоҳоти воқеии кадрӣ баргузор кунад, вагарна ин ҳама ҷуз хокпошӣ ба чашми мардум чизи дигаре нест».

Ин дар ҳолест, ки Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия, гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ ин оҷонс истифодаи ғайриқонунии беш аз 70 миллион сомонӣ маблағҳои буҷаи давлатро ошкор кардааст ва бархе аз ин маблағҳо ба хазинаи давлат баргардонида шудааст.
XS
SM
MD
LG