Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости истирдоди "Қорӣ Восит" аз Русия ба Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон хостори истирдоди фармондеҳи пешини мухолифони тоҷик, Абдулвосит Латифов ё "Қорӣ Восит" аз Русия шудаанд, ки дар куштори даҳҳо нафар, аз ҷумла додситони кулли Тоҷикистон, одамрабоӣ ва ҷиноятҳои дигар гумонбар мешавад. Латифов дар як амалиёти муштарак рӯзи 8-уми ноябр дар шаҳри Волгоград боздошт шудааст. Бархе аз расонаҳо мегӯянд, Латифов ва шариконаш дар вилояти Челябински Русия боздошт шудаанд. Онҳо ҳамчунин ба он ишора мекунанд, ки Латифов дар солҳои 1997-2001 муҳофизи ноиби сарвазир Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода будааст. Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин нуктаро рад кард ва гуфт, Абдулвосит яке аз фармондеҳони хурди ноҳияи Ваҳдат буд ва дар соли 1998 аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон афв шудааст.
XS
SM
MD
LG