Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори истирдоди "Қорӣ Восит" шуд


Тоҷикистон аз Русия истирдоди яке аз қумондонҳои мухолифини пешинро дархост кардааст. Ба иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, ки аз даҳ сол ба ин сӯ дар пайгарди қонунӣ қарор дорад, дар вилояти Челябински Русия боздошт шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Абдулвосит Латифов, мулаққаб ба "Қорӣ Восит", дар натиҷаи як амалиёти вижаи неруҳои амниятии Русия дастгир шудааст ва ҳоло масъалаи истирдоди ӯ бо дархости ҷониби Тоҷикистон баррасӣ мешавад.



Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, Абдулвосит Латипов дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла одамрабоӣ, куштор ва роҳзанӣ гумонбар дониста мешавад.

Хабари боздошти Абдулвосит Латиповро бисёре аз расонаҳои Русия нашр кардаанд. Хабаргузориҳои русӣ бо истинод ба мақомоти амниятии ин кишвар навиштаанд, ки аъзои гурӯҳи марбут ба Абдулвосит Латипов ба даст доштан дар 25 амали террористӣ муттаҳам мешаванд, ки боиси марги беш аз 40 нафар шудааст.

Ин гурӯҳ ҳамчунин дар қатли собиқ додситони кулли Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ва куштори 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Хадамоти амниятии Русия, аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов дар солҳои ҷанги дохилӣ дар урдугоҳҳо дар ҳудуди Эрон ва манотиқи марзи миёни Афғонистону Покистон омӯзиши низомӣ гирифтааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои Русия, қаблан ду нафар аз аъзои гурӯҳи марбут ба Латипов - Юсуф Ҷалилов и Боймурод Хоҷаев дар минтақаи Челябинск дастгир шудаанд. Узви севвуми ин гурӯҳ Ёқуб Ғафуров дар ҳудуди Узбакистон боздошт ва ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Вале Юсуф Ҷалилов, ки ба як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешуд, шаш моҳ пас аз боздошт дар мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Душанбе бегуноҳ эълон гардид.

Расонаҳои ин кишвар менависанд, ки Абдулвосит Латипов ва Боймурод Хоҷаев аз соли 1997 то 2001 муҳофизони яке аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода будаанд.

Вале ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба ин қазия ибрози назар карда, хабари рабти Латипов ба худро бепоя ва беасос хонд. Ӯ гуфт, Абдулвосит Латипов ҳеҷ гоҳе аз ҷумлаи муҳофизини ӯ набудааст.



Хадамоти федералии амниятии Русия гуфтааст, ки аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латипов бо санадҳои тақаллубӣ вориди Русия шуда, тайи чанд соли ахир дар вилояти Челябински ин кишвар ба сар мебурдаанд. Онҳо дар ин муддат соҳиби ҳаққи шаҳрвандии Русия низ шудаанд.
XS
SM
MD
LG