Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилсардии фаластиниҳо аз нокомии Амрико дар Исроил


Мақомоти фаластинӣ имрӯз аз нокомии Амрико дар қатъи шаҳраксозии Исроил изҳори яъс карданд. Ёсир Обид Раббо, як мақоми аршади маъмурияти худгардони Фаластин гуфт, ин як зарбае ба Иёлоти Муттаҳида аст. Иёлоти Муттаҳида талошҳои худро барои мутақоид кардани Исроил ба қатъи шаҳраксозӣ дар қаламравҳои ишғолии Каронаи Бохтарӣ поён додааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида. Филип Кроулӣ, гуфт, Иёлоти Муттаҳида роҳҳои бозгашт ба гуфтушунидҳои ғайримустақимро баррасӣ мекунад. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба гуфтушуниди мустақим, ки дар моҳи сентябр оғоз ёфт, сарпарастӣ мекард.
XS
SM
MD
LG