Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Австралия аз шаҳрвандаш Ассанҷ пуштибонӣ мекунад


Вазири умури хориҷии Австралия, Кевин Руд гуфт, дар фош шудани ҳазорон барқияи дипломатии Амрико худи Иёлоти Муттаҳида гунаҳгор аст, на бунёдгузори Викиликс, шаҳрванди Австралия, Ҷулиан Ассанҷ.

"Ҷаноби Ассанҷ масъули нашри беиҷозаи чаҳоряк миллион санад аз мукотибаи дипломатии Иёлоти Муттаҳида нест. Худи амрикоиҳо масъули инанд."

Ассанҷ рӯзи сешанбе зимни дархости байнулмилалии Шведсия бо иттиҳоми ҳамлаи ҷинсӣ дар Лондон боздошт шуд. Вай ин иттиҳомотро рад мекунад ва "дорои ангезаи сиёсӣ" меномад. Руд гуфтааст, Австралия аз шаҳрванди хеш ҳимоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG