Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри мусоҳибаи номатбӯи Ҷон Леннон пас аз 30 сол


Се рӯз пеш аз қатлаш ба зарби тири туфангча, Ҷон Леннон аз мунтақидони худ гила кардааст, ки танҳо ба "қаҳрамонони мурда" рағбат доранд ва аз оила ва ояндаи хеш бо хушбинӣ сӯҳбат намуда, афзудааст, ки вақти зиёде дар пеш дорад, ки метавонад, ҳамаи мақсадҳояшро амалӣ созад. Ин нуктаҳо дар охирин мусоҳибаи ӯ бо маҷаллаи "Роллинг стоун" мавҷуданд, ки танҳо пас аз 30 соли маргаш дар солрӯзи даргузашти ӯ мунташир шудаанд. Хонандаи пешини гурӯҳи машҳури "Битл" рӯзи 8-уми декабри соли 1980 аз чаҳор тири туфангча, ки Марк Дейвид Чапман дар беруни хонааш ба ӯ зад, дар ҳоле фавтид, ки аз 40-умин зодрӯзаш таҷлил мекард.
XS
SM
MD
LG