Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҷоизаи сулҳи худро тақдим мекунад


Чин мехоҳад, як рӯз пеш аз расми тақдими Ҷоизи сулҳи Нобел, ки ба дигарандеши маҳбуси чиноӣ, Лю Сябао дода шудааст, ҷоизаи сулҳи худро тақдим дорад. Ташкилкунандагони ин маросим мегӯянд, Ҷоизаи сулҳи Конфутсийро рӯзи панҷшанбе ба собиқ ноиб-президенти Тайван, Лйен Чан, ки гуфта мешавад, ба беҳбуди робитаҳо бо Чин мусоидат кардааст, тақдим хоҳад дошт. Ин ҷоиза аз 15 000 доллар иборат хоҳад буд. Чин аз тақдим шудани ҷоиза ба Лю Сябао норозист ва ба кишварҳои ҷаҳон фишор меорад, ки дар расми тақдим ширкат накунанд. То ҳол 19 кишвар аз ширкат дар ин маросим худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG