Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Маскав


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ва ҷаласаи вазирони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав ширкат мекунад. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳамоишҳо дастури кори ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин ду ниҳод, самтҳои ояндаи ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва башарии кишварҳои узв баррасӣ мешавад. Ҳамчунин қарор аст, созишномаи ҳамкории вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG