Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, таъсири аъмоли Викиликсро эҳсос кардааст


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, пас аз нашри барқияҳои дипломатӣ дар торнамои Викиликс кишварҳои хориҷӣ аз муомила бо ҳукумати Амрико канораҷӯӣ мекунанд. Суханги Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида. Филип Кроулӣ, дар Вошингтон гуфт, "аллакай баъзе аз аломатҳои ҳолате ба мушоҳида мерасанд, ки фаъолияти дипломатҳои Амрико мушкилтар шудааст. Дар номаҳое, ки Викиликс мунташир кард, ҷузъиёти табодули назари мақомоти хориҷӣ ва амикоӣ дар масъалаҳои ҳассос ифшо шудааст. Вошингтон Викиликсро ҳамчунин дар ифшои иттилое айбдор кард, ки ҷони афрод ва манфиатҳои миллии Иёлоти Муттаҳида бо хатар мувоҷеҳ мекунад.
XS
SM
MD
LG