Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти марди афғон, ки гӯшу бинии келинашро буридааст


Марди афғон, ки келини ҷавонашро барои фирор аз хонаи шавҳар гӯшу бинӣ бурида буд, боздошт шудааст. Ҷавонзан бо номи Оиша дар моҳи август дар сархатти хабарҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифт. Вай мегӯяд, дар соли 2009 аз зарбулат дар хонаи шавҳар фирор кардааст. Вақте ӯро боздошт карданд, бо дастури фармондеҳи Толибон падарарӯсаш гӯшу бинии ӯро бурид. Полис мегӯяд, ин мардро дар вилояити Урузгон боздошт кардааст. Оишаи 19-сола тобистони имсол барои ҷарроҳӣ ба Иёлоти Муттаҳида фиристода шуд. Толибон мегӯянд, дар қазия даст надоранд, зеро ин як моҷарои хонадводагист.
XS
SM
MD
LG