Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Амрико ва Олмон аз музокироти ҳастаӣ бо Эрон


Мақомоти расмии вазорати хориҷаи Олмон ва Амрико бо ишора ба музокироти гурӯҳи панҷ ба иловаи як бо Эрон дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар, ин музокиротро созанда хонда бар идомаи ин гуфтугӯҳо таъкид кардаанд.

Як мақоми вазорати хориҷаи Амрико, ки нахост номаш фош шавад ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: «Гуфтугӯҳои душвор вале содиқона доштем»

"Гуфтугӯҳои душвор вале содиқона"

Ин мақоми амрикоӣ гуфт, ки музокироти ду тарафа миёни намояндагони Амрико ва Эрон дар ҷараён набудааст, вале дар мавриди масоили муҳим гуфтугӯҳо пеш рафта ва анҷом шудааст.

Ин мақоми амрикоӣ гуфт: «Чанд гуфтугӯи дутарафа ва ғайрирасмӣ доштем, ки ба мо кӯмак кард нуқтаҳои мавриди назари худро мавриди тайид қарор диҳем»

Ин мақоми амрикоӣ таъкид кардааст, ки Эрон мебоист ғанисозии уранюмро мутаваққиф кунад, ин дар ҳоле аст, ки Саид Ҷалилӣ чунин амреро рад кардааст.

Ин мақоми амрикоӣ гуфтааст: «Таълиқи ғанисозии уранюм бо чанд қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ қабул шудааст. Ин мавзеи гурӯҳи 5+1 аст.»

Ин дар ҳолест, ки Саид Ҷалилӣ таъкид кардааст «таълиқи ғанисозӣ» дар дастурикори музокироти моҳи оянда дар Истанбул қарор надорад.

Умедворӣ ба идома гуфтугӯҳо

Филипп Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амриоко ҳам рӯзи сешанбе бо ишора ба гуфтугӯҳои анҷомшуда гуфт: «Ҳудуди 75 дарсади гуфтугӯҳои душанбе ва сешанбе миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар мавриди масъалаи атомӣ будааст ва ин масъала ҳамчунон дар конуни аслии нигарониҳои мо боқӣ хоҳад монд.»

Вай афзуд : «Мо умедворем, ин нуқтаи оғоз барои гуфтугӯҳо ва раванди ҷиддӣ миёни Эрон ва намояндагони панҷ ба иловаи як бошад. Мо даври баъдии гуфтугӯҳоро ташвиқ мекунем ва ҳамон тавр, ки қабл аз дидори аввал гуфта будем, ҳозир ба чандин гуфтугӯ дар чандин макон (маконҳои мутафовит) ҳастем ва мувофиқат ба даври баъдии музокирот дар Истанбул, дар ҳамин росто буд.»

Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои Амнияти СММ, ИМА, Чин , Русия, Бритония, Фаронса ба ҳамроҳии Олмон мавсум ба гурӯҳи панҷ ба иловаи як, пас аз 14 моҳи таваққуф, бори дигар рӯзи душанбе гуфтугӯҳои дурӯзаи худ дар Женеваро аз сар гирифтанд.

Истанбул мизбони даври баъдии музокирот

Катрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии ИА пас аз поёни ин давр аз музокирот ибрози умедворӣ кард, натоиҷи беҳтаре ҳосил шавад ва тайид кард, ки моҳи ояндаи мелодӣ даври баъдии гуфтугӯҳо дар Истанбул баргузор хоҳанд шуд.

Хонум Эштон дар поёни музокирот бо Эрон дар бораи меҳварҳои музокироти оянда дар Истанбул гуфтааст, дар мавриди ҳали « нигарониҳо» дар бораи барномаи ҳастаии Эрон гуфтугӯҳо хоҳанд шуд, аммо Саид Ҷалилӣ мегӯяд, изҳороти хонум Эштон дар бораи муҳтавои музокирот дуруст нест.

Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади Эрон, ки дар як конфронси хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Нуқтаи тавофуқи мо як ҷумла бештар набуд, ки он бисёр рӯшан ва ошкор аст ва ин ҷумла аст, ки « гуфтугӯҳо барои ҳамкорӣ дар атрофи нуқоти муштарак». Ҳар чи ғайр аз ин эълом шуда бошад мавриди қабули мо нест, чун тавофуқе нашудааст.»

Вай изофа кардааст: «Замон ва макони музокирот, Женева ва Истанбул мавриди тавофуқ қарор гирифта ва мавзӯи он низ гуфтугӯ барои ҳамкорӣ дар атрофи нуқтаҳои муштарак аст.»

Умедвории Олмон ба пешрафти гуфтугӯҳо

Гайдо Вестервелл, вазири умури хориҷаи Олмон ҳам рӯзи сешанбе дар Берлин ва дар як конфронси хабарӣ ибрози умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳо идома ёбад.

Вазири хориҷаи Олмон гуфт: «Ҳамон тавр, ки интизор мерафт ҳанӯз музокирот бо Эрон натиҷае дар пай надоштааст, аммо ин нуқтаи оғоз аст.»

Вай афзуд : «Мо дар моҳи ояндаи мелодӣ ба гуфтугӯҳо идома медиҳем ва ҳанӯз умедворӣ ҳаст, ки битавонад ин оғозро ба як раванд табдил кунад. Мо ҳам бар ҳамин асос ҳаракат мекунем.

Оқои Вестервелл гуфт: «Албатта мо ҳаққи фаъолияти сулҳомези Эронро муҳтарам мешуморем, вале дар муқобил Эрон ҳам бояд ба вазоифи ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ ва шафофияти худ амал кунад. Аз нуқтаи назари Олмон ва муттаҳидон, дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG