Пайвандҳои дастрасӣ

ODIHR ё дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА зимни муаррифии гузориши худ аз натиҷаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон гуфтааст, интихоботи мазкур, ки дар моҳи феврали соли равон баргузор шуд, ба меъёрҳои пазируфташудаи демократӣ посухгӯ набудааст.

Дуглас Вег, муовини раиси БДИПЧ ё ODIHR зимни муаррифии гузориши ниҳоии ҳайати нозирони ин созмон гуфт, интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба меъёрҳои САҲА ва санади Копенгаген ва ҳатто ба талаботи қонунгузории худи Тоҷикистон низ мутобиқат надоштааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Комиссияи марказии ин6тихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки дар ин маросими муаррифии гузоришҳи мазкур ширкат доштанд, ин даъвои БДИПЧ -ро рад кардаанд.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР мегӯянд, ки ҳайатҳои дигари нозир, аз ҷумла ҳайати нозирони кишварҳои ИДМ ва СҲШ интихоботи порлумонии Тоҷикистонро демократӣ ва шаффоф унвон кардаанд.

Дар интихоботи порлумонии соли равон, ҳашт ҳизби сиёсӣ ширкат намуданд, ки панҷтои он тавонистанд бо рафъи монеъаи панҷдарсада вориди порлумон шаванд. Аммо ҳамчунон аксарияти кулли курсиҳои порлумонро Ҳизби халқӣ демократии ҳоким дар ихтиёр дорад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистӣ, ки ҳамчунин тавонистанд ду нафари номзади худро вориди порлумон кунанд, аз натиҷаҳои интихобот норозӣ буданд.

ҲНИТ мегӯяд ҳадди ақал сӣ дарсади раъйи интихобкунандагонро дар интихоботи моҳи феврал ба даст овардааст, вале ин оро ба нафъи ҳизби ҳоким тақаллуб шудааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 нафари он аз ҳавзаи саросарии ҳизбӣ ва 41 нафари дигар аз ҳавзаҳои инфирордӣ интихоб мешаванд.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG