Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин 26 нафар дар кони ангишт кушта шуданд


Дар натиҷаи инфиҷори газ дар яке аз конҳои зерзаминии Чин 26 нафар кушта шудаанд. Ин воқеа дар вилояти Ҳенон рух додааст. 20 нафари дигарро тавонистаанд наҷот диҳанд. Конҳои Чин барои коргаронаш дар ҷаҳон маргбортарин ба шумор мераванд, зеро тадобири амниятӣ дар ин конҳо заъифанд ва кишвар барои таъмини рушди иқтисоди худ ҳамеша дар ҳоли шитоб аст. Танҳо дар соли 2009 дар конҳои ангишти Чин 2 600 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG