Пайвандҳои дастрасӣ

Оё мусобиқаи нави таслиҳотӣ дар ҷаҳон оғоз мешавад?


Як дипломати боломақоми вазорати корҳои хориҷаи Амрико музокирот роҷеъ ба мусобиқаи нави таслиҳотӣ бо Русияро камаҳамият хонд. Филлип Гордон-ёвари вазири хориҷаи Амрико ин нуктаро дар нишасти хабарие бо рӯзноманигорон дар Вошингтон изҳор дошт. Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар охирин мулоқоти худ дар Лиссабон-пойтахти Португалия пешниҳоди Русияро дар мавриди пайвастани ин паймон ба системи дифои зидди мушакии Русия рад карданд. Дар посух ба ин иқдом Медведев гуфт, агар Русия ва НАТО дар ин бора ба тавофуқ даст наёбанд, мусобиқаи нави таслиҳотӣ оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG