Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дигар Исроилро ба қатъи шаҳраксозӣ даъват намекунад


Амрико талошҳои худро барои муттақоид сохтани Исроил дар мавриди боздоштани сохтмони шаҳракҳо дар маҳаллоти ишғолии Каронаи Ғарбӣ ба поён мебарад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар музокироти мустақими миёни Исроил ва Фаластин дар моҳи сентябр миёнҷигарӣ кард, вале ин музокирот барои масъалаи сохтмони шаҳракҳо дар маҳаллоти ишғолӣ бидуни натиҷа қатъ шуд. Дар ин маҳаллот Фаластин мехоҳад кишвари мустақили худро бунёд кунад. Филлип Кровлӣ-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Амрико роҳҳои бозгашт ба музокироти ғайримустақимро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG