Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷулиан Ассанҷро бо васиқа аз банд раҳо накарданд


Раҳоии Ҷулиан Ассенҷ-муассиси WikiLeaks аз боздоштро дар ивази васиқа рад кардаанд. Вайро дирӯз пулиси Британия бино ба дархости мақомоти интизомии Шветсия боздошт кард. Вай замоне боздошт шуд, ки бино ба даъвати пулис дар вақти пешбинишуда ба дафтари пулиси Лондон омад. Баъдтар додрас додани васиқа ба вайро рад кард. Ассенҷ барои таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам дониста мешавад. Худи вай ин иттиҳомотро рад кард ва вакили мудофеи вай низ гуфт, ин парванда ангезаи сисёсӣ дорад. То ҳол Ассенҷ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудаааст. Ба сомонаи интернетии вай ҳамла бурданд ва ҳисоби бонкии вайро бастанд. Бо вуҷуди ин, ифшои номаҳҳои маҳрами дипломатҳои амрикоӣ тавассути WikiLeaks идома дорад.
XS
SM
MD
LG