Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти 4 кишвар роҷеъ ба маводи мухаддир дар Маскав


Қарор аст имрӯз дар Маскав раҳбарони боломақоми ниҳодҳои назорат бар маводи мухаддири Афғонистону Покистон ва Русияву Тоҷикистон бо ҳам мулоқот анҷом диҳанд. Онҳо дар ин мулоқот роҳҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ мекунанд. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот Рустам Назаров-раиси Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз Афғонистон Зарораҳмад Муқбил Усмонӣ, аз Покистон Арбоб Муҳаммад Заҳир ва аз Русия Виктор Иванов раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири н кишварҳо ширкат хоҳанд кард. Сафирони Чину Амрико ва намояндаи СММ дар Маскав низ барои ширкат дар он иттилоъ додаанд.
XS
SM
MD
LG