Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Тифлис ба вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат


Нико Мчедлишвилӣ, намояндаи ҳукумати Гурҷистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тифлис чун пештара мухолифи вуруди Русия ба Созмони ҷаҳони тиҷорат аст. Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз омодагияш барои пуштибонӣ аз Русия дар роҳи вуруд ба Созмони ҷаҳони тиҷорат хабар дод. Санади ҳусни тафоҳум миёни Брюсел ва Маскав имрӯз қабл аз шурӯъи нишасти сарони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо имзо шуд.
Намояндаи ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки созишҳои ҳосилкардаи Русия бо дигар кишварҳо мавзеъгирии Тифлисро тағйир нахоҳад дод. Гурҷистон, аз ҷумла, шарт гузоштааст, ки кормандони гумруки кишвар бояд аз имкони кор дар қаламрави ҷумҳуриҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ бархурдор бошанд.
XS
SM
MD
LG