Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мактаби журналистии ба номи Волтер Кронкайти шаҳри Феникси аёлоти Аризонаи Амрико 1300 донишҷӯ таҳсил мекунад. Ин мактаб дар шаҳраки донишҷӯён бунёд ёфтааст, ки дар он тамоми шароит барои таҳсил ва зисту фароғати муҳассилин фароҳам оварда шудааст.

Дар мактаби ба номи Волтер Кронкайт шабакаҳои телевизион, радио ва ҳамчунин рӯзномаву маҷалла ва сомонаи интернетӣ фаъол аст, ки тамоми кори онҳо бар души донишҷӯён аст.

Таҷрибаомӯзӣ бо дастгоҳҳои муосир

Донишҷӯёни мактаб имкони таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар студияҳои муҷаҳҳаз бо фановариҳои муосирро доранд. Барои бахши телевизион студияи замонавӣ бо дастгоҳҳои сабт, танзим ва пахши барномаҳои телевизионӣ, барои бахши радио синфхонаи компютерҳои пайваст бо телефонҳои шаҳрӣ, студияҳо барои ташкили сӯҳбату мубоҳисаҳои радиоӣ ва асбобҳои рақамии сабти садо фароҳам оварда шудааст.

Мактаб бойгонии дастгоҳҳои аккосӣ, сабти садо ва наворбадориро дорад, ки ба мисли китобхона доимо амал мекунад ва донишҷӯён бо гузоштани ҳуҷҷат ва имзо дар дафтари қайд метавонанд аз он дар давоми рӯз истифода баранд. Дар баробари ин ағлаби донишҷӯён дорои телефони мобилии Iphone ҳастанд, ки онро бисёрҷониба истифода мебаранд. Яъне дар ҷойи ҳодиса акс, навор ва ё садо сабт мекунанд ва бо шарҳи кӯтоҳ онро ба сомонаи интернетии мактаб мефиристанд.

Мактаби мутахассисони рақобатпазир


Марк Лодато, устоди мактаби Кронкайт, мегӯяд, онҳо мекӯшанд то хатмкунандаҳояшон дасти кам даҳ соли оянда дар бозори мухобирот рақобатпазир бошанд.

Ӯ афзуд: «Мо кӯшиш мекунем ҳамеша донишҷӯёнро ба коре машғул созем. Донишҷӯёни мо ҳанӯз аз солҳои аввали таҳсил имкони кор ва омӯзиш дар студияҳои моро, ки бо фановариҳои навтарин муҷҷаҳазанд, пайдо мекунанд. Онҳо вобаста аз самти интихоб кардаашон дар солҳои баъдӣ, гузоришу қиссанависиро шурӯъ мекунанд. Таваҷҷӯҳи аслии мо дар баробари рӯшди маҳорати касбӣ, ба истифодаи фанновариҳои муосир равона шудааст. Мо мехоҳем, ки вақте донишҷӯ мактабро хатм мекунад, аз ҳама намуди дастгоҳ ва барномаҳои касбии компютерӣ истифода карда тавонад».

Устодони мактаби мазкур мегӯянд, онҳо ба донишҷӯёнашон шароити сафар ба нуқоти мухталифи аёлотро фароҳам меоранд. То он ки онҳо аз мушкилоти доғи ҷомеа гузориш навиштанро биомӯзанд. Дар ду сол як маротиба тамоми донишҷӯён ҷараёни интихоботи сенаторҳо ва ҳар чор сол интихоботи раисҷумҳуриро пӯшиш медиҳанд.

Барномаҳои зиндаи телевизиони мактабӣ


Телевизиони мактаби рӯзноманигории Кронкайт дар рӯзи интихоботи ахири сенаторҳо ва намояндагони конгресс бо ҳамкории 50 донишҷӯ ду соат пахши зинда доштанд ва дар он донишҷӯён дар масоили иқтисодӣ, муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Мексика ба Амрико, нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар интихобот ва дигар масоили хоси аёлот гузоришу сӯҳбатҳо созмон доданд.

Устодон мегӯянд, донишҷӯён ба сифати хабарнигори воқеӣ фаъолият мебаранд ва аз ҷойи ҳодиса гузоришҳои зиндаи сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ таҳия мекунанд.

Крис Шук, донишҷӯи ин мактаб, мегӯяд, нахуст барои як давраи таҳсил вай 2400 доллар пардохт мекард, аммо давраи ниҳоии таҳсилаш ба 3000 долар баробар шудааст. Крис гуфт, ин маблағ бо назардошти шароити таҳсил ва имконоте, ки мактаб барояш фароҳам овардааст, ночиз аст. Крис маҳорати рӯзноманигориро аз худ кардааст, аммо мегӯяд, дар оянда мехоҳад ба сифати коргардони видео фаъолият барад.

Ӯ гуфт: «Таҳсил дар ин мактабро ман дӯст медорам. Дар тамоми аёлот ин беҳтарин мактаб барои омӯзиш аст. Ман ҳоло ба сифати раҳбари техникӣ фаъолият дорам. Барои ман имконоти хуби омӯзиши кор дар барномаҳои зиндаи телевизионӣ мавҷуд аст.»

Таҳсил дар факултаи журналистии ДДМТ


Аммо дар Тоҷикистон журналистони ҳирфаӣ танҳо дар якчанд донишгоҳи кишвар таълиму тарбия мегиранд, ки факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллӣ яке аз онҳост.

Муртазо Зайнидинов, сардори ин факулта, мегӯяд, дар ҷараёни таълим ба донишҷӯён меъёрҳои муосири касбӣ омӯзонида мешавад. Дар факулта зиёда аз панҷоҳ нафар устодон ба беш аз 800 донишҷӯ таълим медиҳанд, ки аз миёни онҳо панҷ нафар унвони докторӣ ва 19 нафар номзади илмро доранд.

Муртазо Зайнидинов меафзояд, устодон аз рӯйи чор ихтисос дар панҷ кафедра — матбуот, журналистикаи радио ва телевизион, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, журналистикаи байнулмилалӣ ва забонҳои хориҷӣ дарс мегӯянд. Вай мегӯяд, тайи солҳои охир дастрасии донишҷӯёну устодон дар факулта ба фановариҳои муосир осонтар гардидааст.

Ӯ афзуд: «Дар факултаи мо ду синфхонаи муҷаҳҳази компютерӣ амал мекунад. Онҳо бо хатти интернет пайвастанд. Ҳамчунин мо ду студия дорем. Студияи таълимии радио ва телевизион».

Студияи хоксорона


Садорат мегӯяд, студияи омӯзишӣ барои гурӯҳи телевизион дар факулта бо фанновариҳои муосир ҳафтаи ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад, аммо ҳоли ҳозир студияи радиоӣ мавҷуд аст. Ин студия аз мизу курсиҳо, як дастгоҳи танзими кӯҳна ва чанд гӯши иборат аст. Зоҳиран мавриди истифодаи доимӣ қарор намегирад.

Дар ин замина яке аз хатмкунандаҳои ин факулта, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард дар сӯҳбат ба Ояндасоз гуфт, дар факулта устодон донишҳои хуби назарияӣ медиҳанд, аммо ба назари ӯ, шароит ҳанӯз ҳам ба талабот ҷовобгӯ нест ва на ҳама хатмкунандаҳо дар бозори меҳнат рақобатпазиранд.

«Донишҷӯён ҳоли ҳозир барои як сол 900 доллар маблағи шартнома пардохт мекунад ва меояд ба он хотире, ки дар инҷо ҳама чиро омӯзад. Аммо ҳатто синфхонаи компютерӣ ба ҳама дар факултет намерасад», -шикоят кард ӯ.

Ин мусоҳибам орзу дорад, ки факултаи журналистикаи тоҷикро низ чун мактабҳои рӯзноманигории кишварҳои пешрафта бубинад. Зеро мегӯяд, маҳз аз дониш ва омодагии касбии онҳо суръати рушди ҷомеаи демократӣ вобаста аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG