Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонӣ аз Ҷулиан Ассенҷ дар интернет


Бо вуҷуди боздошти Ҷулиан Ассенҷ аз сӯи полиси Лондон сомонаи WikiLeaks кори худро идома хоҳад дод. Дар ин бора намояндагони ин сомона хабар доданд. Гуфта мешавад, ки имрӯз WikiLeaks асноди нави сиррӣ аз мукотибаи дипломатии Амрикоро нашр хоҳад кард.
Ахиран дар Интернет сомонае ба хотири пуштибонӣ аз Ассенҷ таъсис шуд. Дар ин сомона аз ҷонибдорони муассиси WikiLeaks даъват шудааст, ки дар назди додгоҳи Лондон ҷамъ биёянд.
Ҷулиан Ассенҷ имрӯз аз сӯи полиси Бритониё дастгир шуд. Мақомоти полиси Лондон гуфтанд, ки ин боздошт бар пояи дархости додситонии Шветсия сурат гирифтааст. Мақомоти Шветсия Ҷулиан Ассенҷ дар таҷовуз ба номус ва чанд далели дастдарозӣ ба номуси занон айбдор мекунанд. Ва аммо муассиси WikiLeaks ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки фишор болои ӯ бо ифшои ахбори сиррӣ дар сомона рабт дорад. марбут аст. Ҳафтаи гузашта сомонаи WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди махфии дипломатии амрикоиро ифшо сохт.
XS
SM
MD
LG