Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Маскавро дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ айбдор кард


Вазорати умури дохилии Гурҷистон дар бораи ошкор шудани омилону созмондиҳандагони ҳамлаҳои террористии ахир дар кишвар хабар дод ва дар онҳо Русияро айбдор намуд. Ба гуфтаи Екатерина Згуладзе, вазири умури дохилии Гурҷистон, даст доштани хадамоти низомиву амниятии Русия дар инфиҷорҳо дар назди бинои Ҳизби кор, дар канори бинои сафоратхонаи ИМА дар Тифлис ва дар як қитъаи роҳи оҳан дар ғарби кишвар тайид шудааст.
Хонум Згуладзе афзуд, ки дар робита ба ин ҳамлаҳои террористӣ шаш нафар боздошт шудаанд, ки миёни онҳо сокини ноҳияи Гали Абхозистон Гогита Аркания низ ҳаст. Аркания, ба гуфтаи вазири умури дохилии Гурҷистон, маводи таркандаро аз афсари артиши Русия Евгений Борисов дарёфт кардааст, ки дар қаламрави Абхозистон хизмат мекунад.
XS
SM
MD
LG